Бегоҳии имрӯз дар Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд Фестивали Оши палав баргузор мешавад

0
4 504 просмотров

Бегоҳии имрӯз, 5 октябр дар Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд-и маркази вилояти Суғд бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали Оши палав баргузор мешавад.

Дар назар аст, ки дар фестивали мазкур меҳмонон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсиятҳои шинохта, олимону зиёиён, хабарнигорони расонаҳо, иштирокчиёни Машварати омӯзишии адибони ҷумҳурӣ ва теъдоди зиёди сокинон иштирок намоянд.

Фесстивали Оши палав соати 16-00 оғоз меёбад.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Дар поён аксхоро аз фестивали гузашта пешкаш менамоем:

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҷуворимакка растании яксола

Aз оилаи хӯшадорҳо мебошад. Ватани ҷуворимакка Амрикои Марказӣ буда, онро сайёҳон ба Аврупо оварданд ва баъдтар ба дигар мамлакатҳои қитъаи Осиё паҳн гардидааст. Ҷуворимакка растани рӯшноипарвард ва ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: