Хуҷанд шаҳри беҳтарини Тоҷикистон эълон шуд

0
4 910 просмотров

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи ҷамъбастии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи қарордоди комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ шаҳри Хуҷанд ғолиби озмун гардида Шаҳри беҳтарин дониста шуд.

Ба раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз Шаҳодатнома ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулии ғолибиятро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар лаҳзаи тантанавӣ супорид.

Лозим ба ёдоварист, ки озмуни мазкур тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта, дар он тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Месси ба «Барселона» бармегардад!

Ҳамлавари аргентинии бошгоҳи амрикоии «Интер Майами» Лионел Месси эҳтимолан дастаашро иваз мекунад. Тибқи иттилои Gol Digital, Месси метавонад дар оғози соли 2026 дубора ба сафи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: