Ҷинояти ғоратгарӣ бо истифода аз маводи мадҳушкунанда

0
1 855 просмотров

Ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ховалинг марди 37-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намудааст, ки 27 июли соли 2020, тахминан соатҳои 03 ба 04-00 субҳ шахсони номаълум бо роҳи ошкоро ба хонаи истиқоматиаш даромада, нисбат ба ҳамсараш, зани 36-сола, зӯроварӣ нишон дода, ҳангоми доду фиғон бардоштани ҳамсараш барои беҳуш намудани номбурда маводи мадҳушкунандаи бо худ доштаро истифода бурда, як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-3”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Тавре ВКД хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 26, 27, 28-солаи сокинони ноҳияи Панҷ, ки якеашон пеш бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.

Далели шайъӣ-  як адад маводи мадҳушкунанда (амиаку розчин) гирифта шуда, тафтиш идома дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар оид ба ҷараёни бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ВМКБ ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: