Кӯмаки бузурги Конор ба беморхонаҳои Ирландия

0
2 090 просмотров

Собиқ қаҳрамони UFC дар ду вазн, Конор МакГрегор тамоми беморхонаҳои Ирландияро бо таҷҳизотҳои муҳофизатӣ ва дезинфексиони барои мубориза бо коронавирус таъмин намудааст.

Дар ин бора ҳамсари варзишгар Ди Девлин дар саҳифаи Instagram хабар медиҳад.

Тавре, ки Ди Девлин дар саҳифааш менависад : «Ман аз ту хеле ифтихор мекунам, Конор! Ман худам солҳо дар беморхона кор мекардам ва медонам, ки ҳаёти табибон барои ҳифзи ҳаёти мо чӣ қадар душвор аст. Таъмини онҳо бо тамоми воситаҳои зарурӣ барои мубориза ба ин бемории даҳшатнок ва ҳимояи онҳо ҳангоми иҷрои вазифа амали наҷиб аст”

Тибқи маълумоти ТУТ, то 15 апрел дар Ирландия тақрибан 12 ҳазор ҳолати сироятёби ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки 320-нафар аз гирифторшудагон фавтидаанд.

Манбаъ: https://pressa.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Зан ва ҷомеа» дар соли 2015

 Радио «Тироз» дар ҳамдасти бо  СММ-занон, МИҲД вилояти Суғд ва кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомот,  лоиҳаи «Зан ва ҷомеа»-ро идома дода, дар мавзӯи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: