Бӯстон:Баргузории озмуни “Шириниҳои миллӣ ва муосир”

0
2 354 просмотров

Бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни “Шириниҳои миллӣ ва муосир” баргузор гардид.

Озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, ҷалби занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибзавқ, баланд бардоштани маҳорати пазандагӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ва эҳёи шириниҳои миллӣ доир гардида, дар он 10 нафар кадбонуҳо аз ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон дастаи шуъбаи маориф сазовори ҷойи аввал, дастаи Мактаби Президентӣ сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

Манбаъ:Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 06.12.2024

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 10.9228 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: