Баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила

0
2 472 просмотров

Пагоҳ, 26 ноябр бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» дар мавзӯи «Мустаҳкамии оила-асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд» Конференсияи амалии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар  ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкур баррасии масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои оила ва такмили он бо назардошти хусусиятҳои замони  муосир, оила  ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони  тарбияи фарзанд, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таъмини пойдории оила, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба муносибатҳои оиладорӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили зӯроварию шиканҷа, терроризму ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, майзадагӣ, худкушӣ, касалиҳои ВНМО, сил ва дигар масоили таъсиррасон ба муносибатҳои аъзои оила, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва дарёфти роҳҳои ҳалли он мебошад.

Дар назар аст, ки Конференсияи амалии ҷумҳуриявӣ  дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза»  баргузор гардад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Между Таджикистаном и Узбекистаном открылся ещё один пропускной пункт

Вчера, 2 марта состоялась торжественная церемония открытия автомобильного двустороннего контрольно-пропускного пункта, расположенного между Гиссаром Республики Таджикистан и Бабатагом Республики Узбекистан. В торжественной церемонии приняли участие ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: