Аз санаи 11 то 17 июн бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти шиори «Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман» гузаронида мешавад. Ба иттилои Зариф Мирдадоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар ин Фестивал ҷавонон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар назар аст, ки дар Фестивали дӯстии ҷавонон намояндагони ҷавонони кишварҳои Русия, Украина, Қирғизистон ва Эрон низ иштирок намоянд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Истифодаи смартфонҳо зиёновар аст
Истифодаи доимии телефонҳои мобилӣ ва планшетҳо ба қомат мо ба таври манфӣ таъсир расонид. Ба экрани девайси мобилӣ нигоҳ карда, истифодабаранда сари худро хам мекунад ...


Нет комментариев