9-Сентябр: 30-умин солгарди Истиқлолият фархунда бод ҳамватанони азиз!

0
2 965 просмотров

Нурест ба дидагони мо Истиклол,
Зуре ба тану равони мо Истиклол.
Як миллати пошхурдаро чамъ овард,
Пайвандгарди чахони мо Истиклол.

Мо кулли кормандони радио «Тироз», радио «Тирози Ҷавонӣ» ва медиапортали «Тироз» www.tiroz.org, Шумо ҳамватанони азизу гиромиро бо 30-умин солгарди Истиқлолият табрик гуфта, ба якояки шумоён тинҷиву амонӣ, тансиҳативу саломатӣ, хонаи обод ва сулҳу суботро орзумандем.

Бо пайки хушаш хама Ватансоз шудем,
Ному насабу забони мо Истиклол.
Сохибватанему сохиби кисмати хеш,
Муъчизаи шаъну шони мо Истиклол.

Бо чунин нияту орзуҳои нек бори дигар хурду бузурги кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори 30-солагии истиқлол самимона табрик мегуем.

Ҷашни истиқлолу озодии Ватан муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Бо эҳтиром кулли кормандони Радио «Тироз» ва Радио «Тирози Ҷавонӣ».

Нет комментариев

Также рекомендуем

10-ноябр Рӯзи Милитсияи Тоҷик!

Муҳтарам  кормандон ва собиқадорони Мақомоти корҳои дохилӣ! Бо таманниёт ва эҳтироми беандоза, ҳамаи шумоёнро бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик табрику муборакбод менамоем ва дар ин ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: