8 тонна маҳсулот аз фурӯш боздошта шуд

0
2 907 просмотров

Аз ҷониби мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санҷиши муштарак гузаронида шуд. Натиҷаи санҷиши давлатӣ оид ба риояи хизматрасонии савдои чакана ва бехатарии маҳсулот нишон дод, ки дар амборхонаи ҶДММ «Абад-тиҷорат» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба миқдори хеле калон, аниқтараш наздики 8 000 киллограм, ба маблағи умумии зиёда аз 52000 сомонӣ маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва мӯҳлати истеъмолашон гузашта вуҷуд дорад, ки он ошкор ва аз фурӯш боздошта шуд. Мувофиқи маълумоти сардори озмоишгоҳи Марказ Равшан Бақоев натиҷаи ташхис нишон дод, ки аксарияти маҳсулотҳои барои ташхис пешниҳодгардида аз рӯи нишондиҳандаҳо ба талаботи стандарт номутобиқанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии раиси вилоят иттилоъ доданд. 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 27.09.2017

Имрӯз, 27 сентябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8000 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: