6,5 тонна маводи хӯрокаи пастсифат маҳв карда шуд

0
4 188 просмотров

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, нигаҳдории солимии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар давоми 9 моҳи соли равон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд беш аз 6 ҳазору 500 кило маводҳои хӯрокаи пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз марказҳои савдо ва бозорҳо мусодира карда шуд. Маҳсулоти пастсифат баъди хулосаи судӣ ва мақомоти дахлдор бо таҳияи санадҳо дар минтақаи партовҷамъкунии шаҳри Хуҷанд бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид

Имрӯз дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз мегардад. Дар ин бора сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов ба хабарнигори АМИТ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: