Дар асоси нақшаи таҷдид ва навсозии роҳҳои шаҳри Хуҷанд дар баробари дигар кӯчаҳо беш аз 1,5 км роҳи шоҳроҳи «Автомагистралная» пурра азнавсозӣ карда хоҳад шуд. Тавре аз мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд, навсозии шоҳроҳи мазкур бо назардошти ҳаҷми умумии кор дар ду марҳила сурат мегирад. Марҳилаи аввал аз назди идораи маъмурии Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд то гардишгоҳи бинои таълимии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровро дар бар гирифта, дар ин қисмати шоҳроҳ сутунпояҳои равшанидиҳӣ насб карда мешаванд. Қисмати дуюм то бинои маъмурии Муассисаи троллейбусҳои шаҳрро дар бар хоҳад гирифт. Ба иттилои манбаъ паҳноии роҳ 24 метр буда, барои анҷоми корҳои навсозӣ 4 миллион сомонӣ равона карда мешавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳанд.
Мулоқот бо директорони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон директорони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории судбахш, аз ҷумла доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии ...


Рахмат барои ин маълумот,ки дастраси мо гардонидед