25-уми сентябр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад

0
4 999 просмотров

25-уми сентябр сокинони маркази вилоят Рӯзи шаҳри Хуҷандро таҷлил менамоянд.

Дар доираи таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд баргузории як қатор чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва ташкили конфронсҳои илмӣ дар назар гирифта шудааст.

Чорабинии асосӣ бахшида ба ин сана дар назди Маҷмааи таърихиву фарҳангии Истиқлол, ки чанде пеш бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд, баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар ин чорабинӣ меҳмонон аз тамоми манотиқи кишвар ва бародаршаҳрҳои Хуҷанд иштирок намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки 24 сентябри соли 2014 Маҷлиси вакилони халқи шаҳр нишони шаҳрро тасдиқ намуда, 25-уми сентябрро Рӯзи шаҳр эълон намуда буд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 28.09.2017

Имрӯз, 28 сентябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8000 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: