120 нафар соҳиби қитъаҳои замин шуданд

0
3 400 просмотров

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд барои беҳтар намудани шароити зист ба 120 нафар сокинон қитъаҳои замини назди ҳавлигӣ ҷудо карда шуд.

Ба 64 нафар сокинон аз маҳаллаи 26-ум ва ба 56 нафари дигари эҳтиёҷманд бошад аз маҳаллаи навбунёди шаҳр — маҳаллаи 14-ум қитъаҳои замин ҷудо карда шуд.

Ба сокинон раиси шаҳри Хуҷанд санади ҳуқуқиро супорида, таъкид намуд, ки шаҳрвандони соҳиби манзилгашта бояд сохтмонҳои ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи меъморию шаҳрсозиро ба нақша гиранд.

Лозим ба ёдоварист, ки тақсимоти замин тибқи хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ, ки дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амал мекунад, ҷудо карда шуда, шаҳрвандон дар асоси рӯйхати мавҷудаи эҳтиёҷмандони беҳтар намудани шароити манзил соҳиби замин мешаванд.

Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд

3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ” бо ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: