Зодаи Тоҷикистон сармураббии дастаи “Балтика”-и Калининград шуд

0
6 095 просмотров
Игор Черевченко, футболбози пешини тими миллии Тоҷикистон, сармураббии бошгоҳи “Балтика”-и Калинингради Русия шудааст.Ӯ дар ин симмат Игор Захарякро иваз намуда, ба иттилои торнамои бошгоҳ фаъолияташро 7 феврал оғоз кардааст. Манбаъ мегӯяд, ҳамроҳи мураббии нав Кирил Котов ва Олга Смордская, ки қаблан дар дастаи “Локомотив”-и Маскав кор мекарданд, ба “Балтика” пайвастаанд.

Игор Черевченко моҳи сентябри 2014 сармураббии тими “Локомотив”-и Маскав шуд ва моҳи августи соли гузашта аз мақомаш истеъфо дод.

Черевченко 43-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Манбаъ: «Озодагон»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: