Заминларза ба қайд гирифта шуд

0
3 101 просмотров

Имрӯз, 22 январ, соати 09:33 бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон  заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар Душанбе қувваи заминларза аз рӯи ҷадвали Рихтер 3-4 баллро ташкил дод.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар километри 10-уми самти шарқи Душанбе ҷойгир буд. Шиддатнокии заминларза дар маркази он 4 баллро ташкил дод.

Мавриди зикр аст, ки ин аввалин заминҷунбӣ дар соли равон мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

ҲИНО

Ҳино натанҳо барои тағйир додани ранги мӯй истифода мешавад, балки дар баробари зебоӣ бахшидан, хусусиятҳои шифоӣ низ дорад. Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз даврони қадим ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: