Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон: «Дар бораи фурӯш ва харидории сарулибоси мактабӣ ҳеҷ гуна дастур дода нашудааст»

0
4 242 просмотров

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти том иттилоъ медиҳад, ки дар хусуси ҷамъоварии маблағ барои харидорӣ кардани сару либоси мактабӣ аз тарафи омӯзгорон ё ин ки директорони мактабҳо, дар мактабҳо ба роҳ мондани хариду фурӯши либосҳои мактабӣ ҳеҷ гуна дастури хаттӣ ё шифоҳӣ надодааст. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки ин амал бояд аз тарафи волидони хонандагон ва соҳибкорони ватанӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ё худ ярмарка-фурӯшгоҳҳои ашёҳои хониш ва мактабии дар шаҳру ноҳияҳо буда сурат гирад.

«Бинобар ин, гузориши Радиои «Озодӣ», ки бо номи «Хона ба хона – ҷамъоварии пули либоси хонандагон» пахш шудааст, муболиғаи иғвоангез ва ҳангомае беш нест», — омадааст дар изҳороти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

207 ҳазор сомонӣ ба фоидаи буҷет ситонида шуд

Кормандони Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар вилояти Суғд баҳри таъмини мардуми вилоят бо маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва иловаҳои фаъоли ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: