Вакилони Парлумон ба минтақаҳо сафар мекунанд

0
2 186 просмотров

Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  дар асоси дастури Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шурӯъ аз 7 январи соли равон ба  минтақаҳои мамлакат -вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат иттилоъ доданд.

Интизор меравад, ки вакилони Маҷлиси намояндагон давоми даҳ рӯз дар назди интихобкунандагон  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавзеҳ  диҳанд.

Инчунин доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки Парлумони мамлакат қабул кардааст ва масъалаҳои сиёсати дохилию хориҷӣ, молиявӣ ва рушди соҳибкорӣ  дар мамлакат табодули назар сурат мегирад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Женская сборная Таджикистана по футболу впервые вошла в рейтинг ФИФА

Женская национальная сборная Таджикистана впервые попала в рейтинг Международной федерации футбольных ассоциаций, который был опубликован на официальном сайте ФИФА. Женская сборная Таджикистана попала в рейтинг ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: