«Тоҷик Эйр» аз Бонки миллии Тоҷикистон барои хизматрасонии махсус иҷозатнома дарёфт кард

0
2 699 просмотров

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қарори марбута ба ширкати ҳавопаймоии  «Тоҷик Эйр» барои анҷомдиҳии  хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ ба муддати 3 сол иҷозатнома дод.

Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  мутобиқи қарори мазкур Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор аст дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон  қарори мазкурро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» қабул намудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Рӯзҳои 30 ва 31 декабр дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мешавад

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рӯзҳои 30 ва 31 декабр бо мақсади таъмини фаровонии дастархони мардум дар арафаи Соли нави мелодии 2022 ярмарка-фурӯши ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: