Қабули қонун барои таъмини сӯзишвории арзон дар Тоҷикистон

0
2 677 просмотров

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барои таъмини арзонии сӯзишворӣ дар бозорҳои кишвар ба қонуни буҷа барои соли 2021 тағйирот ворид намуд

Парлумон ба Оҷонси захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон иҷозат дод, ки бензин ва сӯзишвории дизелиро бидуни пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ ворид кунад. Тибқи иттилои котиботи парлумон ҳаҷми сӯзишвориеро, ки бидуни пардохти боҷу андоз ворид мегардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Мушаххас гуфта нашудааст, ки чӣ қадар сӯзишворӣ тариқи имтиёзӣ ворид мегардад. Карим Гулмуродзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии тағйироти дахлдор ба қонуни буҷа барои соли 2021 таъкид намуд, ки ҳадафи он таъмини бозори истеъмолии аҳолӣ бо молҳои ниёзи аввал, инчунин бензин ва сӯзишвории дизелӣ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки моҳи равон дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон камбуди мол ҷой дошта, нархи бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ боло рафт.Нимаи моҳи март дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт нархи бензин барои ҳар литр ба 8,10-8,40 сомонӣ (вобаста аз тамға) мерасид, дар ҳоле ки моҳи феврал нархи миёнаи як литр аз 7,20 сомонӣ зиёд набуд.

Манбаъ: sputnik-tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Соли Нави мелодии 2021-ро бо аҳли хонавода ҷашн мегирем

Тавре қаблан иттилоъ додем, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ  қарор қабул намуд, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: