Суғд: Гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ

0
1 667 просмотров

Санаи 4 октябр маросими аввали гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид. Бахшида ба ин рӯз дар Амфитеатри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, наваскарону волидайни онҳо, ҷавонони пешқадами вилоят ширкат намуданд. Раиси вилояти Суғд дар баромади худ аз шуҷоату ватандӯстии ҷавонон ҳарф зада, барои ҳифзи буми ватан даъват намуд. Ин гурӯҳи ҷавонон аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, аввалин ихтиёриён барои шомилшавии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар мебошанд. Ҳамчунин барои наваскарон барномаи фарҳангикунонида ва маросими нонгазон пешниҳод карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин рӯз аллакай якчанд шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъватро ба пуррагӣ иҷро намудаанд. Азҷумла ҷамоатҳои Ворух ва Чоркӯҳи  аввалин шуда, аз иҷрои нақшаи худ санаи 1 октябр хабар дода буданд.

Радиои Тироз

Нет комментариев

Также рекомендуем

Китайцам разрешили заводить по двое детей

С 1979 года китайским семьям было запрещено иметь более одного ребенка. Китайским семьям разрешили иметь по два ребенка. Соответствующее решение принято коммунистической партией страны. ПО ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: