Рафиня бозигари “Барселона” мешавад!

0
1 432 просмотров

Ҳуҷумкунандаи дастаи “Лидс” – Рафиня ба бошгоҳи “Барселона” гузариш мекунад. Дар ин бора рӯзноманигорон  Фабритсио Романо ва Николо Скира   хабар додаанд.

Тибқи иттилои сарчашма бо футболбози бразилӣ  каталониҳо то соли 2027 шартноиа ба имзо мерасонанд.  Пас аз пешниҳоди имрӯза бо «Лидс» созишномаи пурра ба даст омад: 58 миллион евро + 9 миллион евро ҳамчун бонус.

Маоши  ҳамлагар дар як сол 6 миллион евроро ташкил медиҳад.

Рафиня Рафаэл Диас Беллоли  мавсими гузашта, дар ҳайати “Лидс” дар ҳама мусобиқаҳо 36 бозӣ анҷом дода, дар ҳисобаш 11 гол ва 3 ирсоли головар дорад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мушкилоти дастрасии оби нӯшокӣ ҳал шуд

Бо мақсади ҳалли муаммои дастрасӣ ба оби нушокӣ дар маҳаллаи «Чашмаи арзана»-и шаҳри Хуҷанд ва тибқи дастуру супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гурӯҳи корӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: