Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

0
1 153 просмотров

29 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон ворид шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти хоса гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Майдони фурудгоҳи байналмилалӣ ба хотири пазироии меҳмони олимақом бо парчамҳои давлатии Тоҷикистону Эрон ва шиорҳои таҷассумкунандаи дӯстию ҳамкории ду кишвар идона оро ёфта буд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бонки Осиёии Рушд гузаргоҳҳои асосии сарҳадии Тоҷикистонро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мегардонад

Масъалаҳои марбут ба таҷдиди сохтмони иншоот ва таҷҳизонидани гузаргоҳҳои асосии сарҳадии кишвар бо таҷҳизоти муосири техникӣ дар мулоқоти маҷозии муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: