Роналду наҷотдиҳандаи «Манчестер Юнайтед»

0
2 314 просмотров

Дар рақобати марказии даври 14-уми Премйер-лигаи Англия дастаи «Манчестер Юнайтед» дар хонааш бо тими «Арсенал» неру санҷид. Набарди дастаҳо дар “Театри орзуҳо” баргузор шуда, бо натиҷаи 3:2 ба суди “девҳои сурх” хотима ёфт.

Дар ҳайати ғолибон голҳоро Криштиану Роналду (дубл) ва Бруну Фернандеш ба нишон расониданд. Тӯбҳои меҳмононро бошад, Эмил Смит-Роу ва Мартин Эдегор заданд. Ҳамин тавр, дастаи «Манчестер Юнайтед» дар 4 бозии охири ПЛА аввалин бор шаҳди пирӯзӣ чашид. Ҳоло дастаи “МЮ” дар зинаи 7-уми ҷадвал қарор дорад. “Арсенал” бошад, дар ҷойи 5-ум мавқеъ касб намудааст.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Муассисаҳои фарҳангӣ бунёд ва таъмир мешаванд

Бо мақсади рушди соҳаи фарҳанг ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи мутахассисон «Барномаи сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020» ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: