Иско тарки “Реал” мекунад

0
1 488 просмотров

Ниммуҳофизатгари бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” – Иско дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст, ки тарки даста мекунад.

Шартномаи футболболбози 30 солаи испанӣ охири мавсими 2021/22 ба анҷом мерасад ва аз ҷониби бошгоҳ тамдид карда нашуд.

Иско аз соли 2013 аз “Малага” ба “Реал” гузариш карда буд. Дар ҳайати мадридиҳо ниммуҳофизатгар 353 бозӣ гузаронида, дар ҳисобаш 53 гол ва 56 ирсоли головар дорад.

Иско бо дастаи “Реал” 19 ҷоиза ба даст овардааст, аз ҷумла 5 ҷоизаи  бонуфузтарин мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо.

“Ба ҳама ташаккур, ба зудӣ боз вомехӯрем. Зинда бод, Мадрид!”,- навиштааст, Иско.

Ёдовар мешавем ,ки Иско ба дастаи “Реал Бетис”  гузариш мекунад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Представители пяти стран подтвердили участие в торговой ярмарке “Сугд-2016”

Свое участие в Международной торговой ярмарке «Сугд -2016», которая будет проходить в городе Худжанде Согдийской области, подтвердили представители России, Белоруссии, Польши, Казахстана и Кыргызстана. Напомним, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: