“ПСЖ” аз Луис Энрике ҷудо шуданӣ нест!

0
551 просмотров

Роҳбарияти дастаи “ПСЖ” дар пасманзари нокомиҳо дар мавсими ҷории Лигаи Чемпионҳои УЕФА оиди ояндаи мутахассиси испанӣ Луис Энрике тасмим гирифт.

Тавре рӯзноманигор Лоик Танзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, роҳбарияти тими шаҳри Париж Энрикеро комилан дастгирӣ мекунад. Бошгоҳ намехохад, ки иштибоҳоти пештараи хешро   такрор кунад ва дар бораи иваз кардани мураббӣ умуман сухан намеравад. Гузашта аз ин, “ПСЖ” ният дорад, ки дар равзанаи трансфери зимистона бо дархости мураббӣ ҳайати дастаро тақвият диҳад.

Ёдовар мешавем, ки Луис Энрике тобистони соли 2023 сармураббии “ПСЖ” таъин шуда буд. Қаблан мутахассис дар дастаҳои «Рома», «Селта», «Барселона» ва тими миллии Испанияро тамрин медод.

Ҳоло “ПСЖ” бо 33 имтиёз пешгоми мавсими имсолаи Лигаи 1 мебошад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Боздиди Сарвари давлат аз ноҳияи Дарвоз

Нимаи дуюми рӯзи 11 сентябри соли равон сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: