Озмуни «Соҳибистеъдод — 2018» гузаронида шуд

0
6 289 просмотров

Бо ташабуси маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 23 озмуни шаҳрии «Соҳибистеъдод — 2018» гузаронида шуд.

Дар озмун зиёда аз 130 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр, аз ҷумла литсейю гимназияҳо фаъолона иштирок намуданд ва нафароне, ки холҳои баландтаринро сазовор гардиданд, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Тибқи иттилои масъулин мақсад аз гузаронидани чунин озмун дарёфт намудани хонандагони лаёқатманди синфҳои 8-9 аз фанни география ва биология мебошад.

Манбаъ: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Нет комментариев

Также рекомендуем

10 фатҳи Hi-Tech-и рахнакунандаи занон

Занон бисёр чизро ихтироъ кардаанд, ки онҳоро мардон бо қаноатмандии бузург истифода мекунанд. Яхдону танпўши тирногузар ва ҳатто оби ҷав низ ихтироъи бонувон аст. Бале, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: