Мусобиқаи теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Тоҷикистон»

0
2 998 просмотров

Аз 19 то 24 сентябри соли равон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти “Ҷоми Президенти Тоҷикистон” баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки  дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарон аз кишварҳои Арманистон, Туркманистон, Қазоқистон, Украина, Эрон ва дигар кишварҳо иштирок намоянд.
Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, ин 6-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис мебошад, ки теннисбозони наврас барои ба даст овардани «Ҷоми Президенти Тоҷикистон» миёни худ рақобат мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки “Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис” аз соли 2005 таъсис ёфта, дар байни варзишгарони наврас гузаронида мешавад.

Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Садову симои ошно

Доир ба вожа ё худ калимаи “Ҷавонӣ” маълумот доред! Агар “ҳа” хеле хуб, агар “не” таваҷҷӯҳ намоед. Таърифи “Ҷавонӣ” Вожаи “ҷавонӣ”  ё  “барно”  дар забони ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: