Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ ибни Муборак ал-Муҳаннадӣ мулоқот анҷом дод. Масоили рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои мухталиф ва ҳамкории судманди ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти суҳбат ҳамчунин роҷеъ ба лоиҳаҳое, ки дар Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузориҳои Қатар татбиқ мешаванд, табодули назар сурат гирифт. Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медиҳад.
Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки дар шаҳру ноҳияҳо шумораи корхонаву коргоҳҳои хурди коркарди меваву сабзавот зиёд гардад
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёд намудани шумораи корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, бахусус коркарди меваву сабзавот, аз ҷумла хуч, дулона, помидор, бодиринг, пиёзи ...


Ташаккур ,ки ин маълумотхоро дастраси мо мегардонед