Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ ибни Муборак ал-Муҳаннадӣ мулоқот анҷом дод. Масоили рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои мухталиф ва ҳамкории судманди ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти суҳбат ҳамчунин роҷеъ ба лоиҳаҳое, ки дар Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузориҳои Қатар татбиқ мешаванд, табодули назар сурат гирифт. Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медиҳад.
«Кока -Кола Ичечек А.С» дар Душанбе корхона месозад
Ширкати туркии «Кока -Кола Ичечек А.С» дар ояндаи наздик дар Душанбе -пойтахти Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботиро бунёд менамояд. Дар робита ба ин 11 феврал ...


Ташаккур ,ки ин маълумотхоро дастраси мо мегардонед