Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ ибни Муборак ал-Муҳаннадӣ мулоқот анҷом дод. Масоили рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои мухталиф ва ҳамкории судманди ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти суҳбат ҳамчунин роҷеъ ба лоиҳаҳое, ки дар Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузориҳои Қатар татбиқ мешаванд, табодули назар сурат гирифт. Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медиҳад.
Кӯчаҳои маҳаллаи «Сайҳун» бо саҳми сокинон обод мешавад
Дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд таъмири роҳҳо ва мумфаршкунӣ идома дорад. Аз оғози ҳафтаи равон кормандони Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии яке аз кӯчаҳои маҳаллаи «Сайҳун»- ...


Ташаккур ,ки ин маълумотхоро дастраси мо мегардонед