Мбаппе ҷойгузини Роналду дар “МЮ” мешавад!

0
955 просмотров

Роҳбарияти бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” пас аз мусоҳибаи баҳсноки Роналду дигар ӯро дар ҳайати даста дидан намехоҳанд. Ҳоло “Девҳои сурх” ҳарчӣ зудтар мехоҳанд, ки ҷойгузини Роналдуро дар даста пайдо намоянд. Гуфта мешавед, ки роҳбарияти бошгоҳ ба Килиан Мбаппе мароқ зоҳир кардаанд. Дар ин бора Mirror хабар додааст.

Қайд карда мешавад, ки «Манчестер Юнайтед» омодааст бо маблағи ҳангуфт ситораи “ПСЖ”-ро ба даста ҷалб намояд. Дар сурати ба даст наовардани Мбаппе онҳо ба Виктор Осимхен аз ҳайати “Наполи” чашм ало кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Роналду чанде қабл мусоҳибае дода буд, ки дар он дар бораи роҳбарият ва ситоди мураббиёни «Манчестер Юнайтед» ба таври нописандӣ ҳарф зада, дурустии сиёсати тимро  зери суол бурда буд. Ин мавод дар байни ҷомеаи футбол ҳамоиши қобили мулоҳизаеро ба бор овард.

Бисёриҳо Криштиануро барои он ки дар бораи бошгоҳ  ва кормандони он шикоят кард, танқид карданд. Баъдтар, рӯзноманигор Пирс Морган гуфт, ки худи Роналду аз ӯ хоҳиш кардааст, ки мусоҳиба ташкил кунад ва фаҳмид, ки ӯро интиқодҳои зиёд хоҳанд гирифт, зеро «ҳақиқат метавонад зарар расонад».

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Нобудсозии дорувориҳои кӯҳнашуда

Дар 10 моҳ 21170 кг маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии мўҳлати истифодабариаш гузашта, қалбакӣ ва бе сертификати мутобиқати сифат несту нобуд карда шуданд. Дар ин ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: