Хабиб Бей сармураббии нави “Марсел”

0
145 просмотров

Мутахассиси сенегалӣ Хабиб Бей сармураббии нави дастаи “Марсел” таъин гардид. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳ хабар додааст. Дар ин мақом мутахассиси сенегалӣ Роберто Де Дзербии итолиёвиро иваз кард.

Дар изҳороти клуб омадааст, ки “Марсел” бо хушнудӣ таъини Хабиб Бейро ба вазифаи сармураббӣ эълон мекунад. Ӯ дар футболи Фаронса роҳи вижаеро тай намудааст, аввал ҳамчун бозигари ботаҷриба ва мавриди эҳтиром, сипас ҳамчун мураббии пурҳадаф ва андешаманд.

Ҷойи кори қаблии мураббии 48-сола бошгоҳи “Ренн” –и Фаронса буд.

Ҳоло “Марсел” дар ҷадвали мусобиқаи Лига 1 дар ҷойи чорум қарор дошта, пас аз 22 бозӣ 40 имтиёз ба даст овардааст. Дар зинаи аввал дастаи “Ланс” бо 52 имтиёз ҷойгир аст.

Ёдовар мешавем, ки дар Лигаи чемпионҳо “Марсел” дар марҳилаи умумӣ ҷойи 25-умро ишғол намуда, натавонист ба даври плей-офф роҳ ёбад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мулоқоти Комил Салимзода бо донишҷӯён

Дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят мулоқоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзода бо донишҷӯён баргузор гардид. Зимни суҳбат бо донишҷӯён Комил Салимзода қайд намуд, ки ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: