Футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба дидорбинии мухлиси наврас Муҳаммадамин Камолов рафтанд

0
633 просмотров

Бо супориши Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва ҳамзамон аъзои бошгоҳи «Истиқлол» Рустам Ятимов ва Алишер Ҷалилов ба дидорбинии мухлиси наврас Муҳаммадамин Камолов рафтанд, ки  аз бохти дастаи Тоҷикистон андуҳгин шуда буд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бошгоҳи «Истиқлол» хабар медиҳад.

Футболбозони даста зимни  дидорбинӣ ба Муҳаммадамини шашсола сару либоси варзишӣ, пироҳани дастаи мунтахаб бо шумораи 10, тӯб ва туҳфаҳои дигар ҳадя намуда, бо ӯ суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд.

Муҳаммадамин Камолови шашсола сокини шаҳри Ҳисор буда, дар оянда мехоҳад футболбози касбӣ шавад.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Аҳтам Ҳамроқулов ба «Хуҷанд» мегузарад

Ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов, ки айни замон дар ҳолати агенти озод қарор дорад, бегоҳи имрӯз ба мавқеи ҷойгиршавии «Хуҷанд» ҳозир шуд, ки яқинан дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: