Аҳтам Ҳамроқулов ба «Хуҷанд» мегузарад

2
8 522 просмотров

Ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов, ки айни замон дар ҳолати агенти озод қарор дорад, бегоҳи имрӯз ба мавқеи ҷойгиршавии «Хуҷанд» ҳозир шуд, ки яқинан дар оянда карераи бозигариашро дар ҳайати ин даста идома медиҳад. Сармураббии «Хуҷанд» Нумонҷон Юсупов дар мусоҳибааш бо торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки айни замон ин бозигари 26-сола, дар ҳайати «Хуҷанд» қарор дорад. «Хуҷанд» ҷамъомади таълимӣ-машқии худро дар Қайроққум мегузаронад. Пагоҳ дар доираи бозиҳои марҳилаи дуюми сабқати байналмилалии Ҷоми Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Осоишгоҳи Баҳористон» дастаи соҳили Сирдарё бо мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон вомехӯрад. Ба гуфтаи сармураббӣ, Ҳамроқулов дар қисми дуюми ин бозӣ ба майдон мебарояд. Ёдовар мешавем, ки тобистони соли гузашта Ҳамроқулов аз клуби футболи АЗАЛ-и Озарбойҷон ба «Регар-ТадАз»-и Турсунзода гузашта, қисми дуюми чемпионати Тоҷикистонро дар ҳайати ин даста гузаронид. Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медихад.

2 comments

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Трамп впервые с июля опередил Клинтон по популярности

Кандидат в президенты США от Республиканской партии Дональд Трамп впервые с июля по популярности опередил своего главного соперника, демократа Хиллари Клинтон. Об этом сообщает Reuters. Согласно исследованию Ipsos, Трампа готовы ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: