Футболбозони “Ал-Наср” ба Душанбе омаданд

0
289 просмотров

Ҳайати дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо ситораҳои худ барои анҷоми бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё муқобили “Истиқлол”-и Тоҷикистон тариқи парвози чартерӣ аз Риёз ба Душанбе омад.

Дар Фурудгоҳи байналмилаии шаҳри Душанбе аз ҷониби намояндагони тими “Истиқлол”, сафорати Арабистони Саудӣ, шахсони масъул, хабарнигорон  ва мухлисон, ҳайати “Ал-Наср” гарму самимӣ истиқбол гирифта шуд.

Дар ҳайати тими “Ал-Наср” бозигарони ситора Марсело Брозович, Садио Мане, Жоау Феликс, Инйиго Мартинес, Бенто, Абдулраҳмон Ғариб, Султон-ал-Ғаннам, Муҳаммад Симакан, Габриел Анжело, Уэсли ва дигарон ба Душанбе омаданд. Криштиану Роналду дар ин қатор нест, зеро португалӣ то ҳанӯз дар ягон бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё ширкат накардааст.

Маврид ба зикр аст, ки бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Наср” рӯзи 26-уми ноябр, соати 18:45 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мешавад. Бегоҳии имрӯз дастаҳо тамринҳои расмии пеш аз бозӣ ва нишасти матбуотиро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор анҷом медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз бозиҳои даври чаҳорум дар гурӯҳи “D” тими “Ал-Наср” бо 12 имтиёз садрнишин буда, роҳхати марҳилаи плей-оффро ба даст овард. “Ал-Завраа” ва “Истиқлол” соҳиби 6 имтиёзӣ буда, мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм мавқеъ гирифтаанд. “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охири гурӯҳ аст.

Манбаъ: ТВ-Варзиш

Нет комментариев

Также рекомендуем

Южная Корея сообщила о запуске КНДР неизвестной ракеты

Южная Корея зафиксировала пуск в КНДР неизвестной ракеты, сообщило в понедельник агентство Рёнхап. «Сегодня Северная Корея в 7:36 (01:36 МСК) запустила неизвестного типа ракету в сторону Японского моря в окрестностях ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: