Дастаи «Истиқлол» ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 гардид

0
603 просмотров

Дар шаҳри Душанбе қисми ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 ба анҷом расид. Ғолиби мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи  футболи мамлакат.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсия-2025 дастаи «Истиқлол» бар Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Панҷшер» бар «Сомон» бо ҳисоби калон пирӯз шуд – 3:0.

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол» Денис Беганович беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ дониста шуд. Ба ҷуз аз ҷом барандаи Ҷоми ФФТ-2025 —  «Истиқлол» бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Дастаи КМВА соҳиби 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ — «Панҷшер» соҳиби 20 ҳазор сомонӣ гардиданд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Томографҳои компютерӣ

Ташхиси пурра гузаронидан аз болои ҳамаи органҳои инсон тавассути истифодабарии томографияи компютерӣ имконпазир мебошад. Бо шарофати томограф натанҳо якчанд органҳоро омӯхтан мумкин аст, балки бофтаҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: