Дастаи «Истиқлол» ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 гардид

0
751 просмотров

Дар шаҳри Душанбе қисми ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 ба анҷом расид. Ғолиби мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи  футболи мамлакат.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсия-2025 дастаи «Истиқлол» бар Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Панҷшер» бар «Сомон» бо ҳисоби калон пирӯз шуд – 3:0.

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол» Денис Беганович беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ дониста шуд. Ба ҷуз аз ҷом барандаи Ҷоми ФФТ-2025 —  «Истиқлол» бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Дастаи КМВА соҳиби 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ — «Панҷшер» соҳиби 20 ҳазор сомонӣ гардиданд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

7 тарзи тезҳаракаткунонии Google Chrome

1. Саҳифаи ибтидоиро назорат намоед Chrome метавонад тез кор кунад, ба ин шубҳае нест. Аммо барқарор намудани саҳифаҳои охирин ва кушодани саҳифаҳои вазнин ҳангоми кори ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: