Дар Сан-Франсиско дар натиҷаи тирпаронӣ як нафар ҳалок шуд

0
660 просмотров

Бар асари тирпаронӣ дар Сан-Франсиско (иёлати Калифорния) як нафар ҳалок ва чаҳор нафар маҷруҳ шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус бахши маҳаллии ширкати телевизионии ABC бо истинод ба пулиси шаҳр хабар додааст.

Кормандони мақомоти интизомӣ ба даъват дар бораи тирпаронӣ дар буриши ду кӯча дар маҳаллаи Тендерлойни шаҳр вокуниш нишон дода, зуд омаданд. Дар он ҷо чаҳор мард ва як зани  тирхӯрдаро  пайдо намуданд. Ҳамаи панҷ нафар дар беморхона бистарӣ шуданд ва  яке аз онҳо дар беморхона фавтид.

Полис дар бораи боздошти гумонбар ва шахсияти ӯ ҳанӯз хабар надодааст, хабар медиҳад ABC.

Дар робита ба ин ҳодиса тафтиш оғоз шудааст.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Театр против терроризма!

Премьера спектакля театра г.Канибадама на театральной сцене г.Худжанда Постановка «Кобил» поставлена на основании произведения одного из известных поэтов романтической поэзии Англии – Джорджа Байрона, Библейского придания ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: