«Барселона» бо Лигаи Чемпионҳо видоъ кард

0
1 523 просмотров

Дар вохӯрии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дастаи “Бавария” тими “Барселона”-ро пешвоз гирифт. Набарди дастаҳо дар варзишгоҳи «Алянс-Арена» баргузор шуда, бо натиҷаи 3:0 ба суди олмониҳо хотима ёфт. Дар ин бозӣ голҳоро Томас Мюллер, Лерой Сане ва Ҷамол Мусиала ба нишон расониданд.

Баъди ин бозӣ “Бавария” соҳиби 18 хол шуда, ба даври 1/8 финал роҳ ёфт. Инчунин аз гурӯҳи “Е” дастаи “Бенфика” низ ба марҳилаи плей-оффи роҳ пайдо кард. Дастаи “Барселона” бошад, бо ЛЧ худоҳофизӣ намуда, ба Лигаи Аврупо роҳ ёфт. Бояд гуфт, ки “нилунориҳо” дар 18 соли охир бори аввал ба даври 1/8 ниҳоии ЛЧ роҳ намеёбанд.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Кӯли гулобиранг

Дар ҷанубу ғарбии мамлакати Австралия  кӯли Хиллер мавҷуд аст, ки ранги аҷоиби гулобиро дорад. Дарозии кӯл 600 меттро ташкил медиҳад. Дар атрофи соҳилҳои кӯли Хиллер ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: