Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ доир мегарданд

0
2 545 просмотров

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор менамояд.

Тавре дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар баробари мусобиқаҳои варзишӣ, инчунин ҳамоишҳои  гуногуни маърифатӣ-фарҳангӣ ва оммавӣ ба роҳ монда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуда, марҳилаи аввал ва дуюми баргузории он дар сатҳи шаҳру ноҳия, вилоят ва минтақаҳои мамлакат бо доираи васеи ҷавонону наврасон ва варзишгарон бомаром идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, дзюдо, самбо, юнону румӣ, гӯштини миллӣ, таэквондо, каратэ – до, футбол, тенниси рӯйи миз ва ғайраҳо доир карда мешаванд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Тошканд Форуми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон гузаронида мешавад

Моҳи апрел дар Тошканд Форуми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон  гузаронида мешавад. Масъалаи ҳолати кунунӣ, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия байни Тоҷикистон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: