Аъзам бо тахаллуси «Ҷангӣ» чемпиони WFCA шуд

0
4 193 просмотров

Аъзам Ғаффоров, ки дар мусобиқаи лигаи WFCA бо лақаби «Ҷангӣ» машҳур буда, рекорди касбӣ (10-0-0) гузоштааст пас аз ғалабаи сеюм дар рейтинги ҷаҳонии fightmatrix.com ба ҷойи 66-ум баромад. Ин комёбӣ баАъзам имконият фароҳам  овард, ки барои унвони чемпионии ташкилоти WFCA мубориза барад.

Набарди Аъзам «Ҷангӣ» бо размандаи мағлубнашудаи рус Имран Букуев (8-0-0) рӯзи якшанбе дар мусобиқаи 50-уми WFCA баргузор гардид. Набарди ду мағлубнопазир дар вазни 57кг  ниҳоят шадиду бераҳмона ҷараён гирифта, бо пирӯзии Аъзам Ғаффоров ба анҷом расид ва ӯ камарбанди муваққатии ташкилоти мазкурро соҳиб шуд. Ба назари мутахассисон ин набард барои  набарди сол дар Русия довталаб буда  метавонад.

Пас аз Аъзам барои дарёфти унвони пурраи чемпионӣ бо чемпиони ташкилот Юнус Евлоев «меҷангад». Юнус Евлоев –чемпиони таҷрибадор мебошад, ки рекорди касбии 22-8-0 дорад ва дар рейтинги ҷаҳонии fightmatrix.com мақоми 18-умро касб намудааст. Ӯ 7 рақобат доир намуда, дар 6-тоаш ғолиб омадааст ва танҳо 1 размро ба чемпиони WFCA Магомед Бибулатов бохтааст.

Агар Аъзам Юнусро шикаста пурра камарбанди  WFCA-ро соҳиб шуда тавонад, нахустин размандаи тоҷик дар ҳайати муҳорибаи омехтаи UFC хоҳад гардид.

Манбаъ: Тоҷикистонтаймс

Нет комментариев

Также рекомендуем

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Давлатманд Холов ҳамдардӣ баён намуданд

Шаби 18 феврали соли 2024 сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Узбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, роҳбари ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: