Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон 93 фоиз иҷро шуд

0
4 004 просмотров

Бо гузашти бештар аз як моҳи даъвату сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи пешбинишуда дар вилояти Суғд беш аз 93 фоиз иҷро гардид. 

Тавре аз Комиссариати ҳарбии вилоят иттилоъ доданд, то ба санаи 6 ноябр 12 шаҳру ноҳияи вилоят нақшаи муайяншударо пурра иҷро намуданд. Айни ҳол дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъвати ҷавонон идома дошта, интизор меравад, ки рӯзҳои наздик нақша иҷро гардад.

Ёдовар бояд шуд, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд ҷараён дорад.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Истаравшан официально признан “Всемирным городом ремесленников”

1 октября 2024 года город Истаравшан был официально признан “Всемирным городом ремесленников” в рамках первого Международного фестиваля ремесел “Озар”. Это звание было присвоено единогласным решением ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: