Ҷавонони Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии ҷавонони Узбекистон иштирок мекунанд

0
802 просмотров

Аз 25 июн то 1 июли соли равон дар шаҳри Тошканд Форуми ҷаҳонии ҷавонони Ҷумҳурии Узбекистон доир мегардад, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 61 нафар иштирок мекунанд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок ва муаррифии сиёсати давлатии ҷавонон дар форум ҳайати 61 — нафараи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи автобусҳои муосиру муҷаҳҳаз ба самти Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷаҳонии ҷавонони Ҷумҳурии Узбекистон давоми ҳафт рӯз доир гардида, дар он ҷавонон аз 100 давлати ҷаҳон ҷамъ меоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон парвозҳои ду ширкати ҳавопаймоии Россияро манъ кард

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сибирь» ва «Северный ветер»-ро манъ кард. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» директори агентӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: