«ВАО-муқобили коррупсия»-ҷамъбасти озмун

3
6 293 просмотров
Акс аз: anticorruption.tj

Акс аз: anticorruption.tj

Бо иқдоми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни нашрияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «ВАО-муқобили коррупсия» гузаронида шуд.

Ҳадафи чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма ба муқовимат ба коррупсия дар матбуоти даврӣ, муайян намудани самарабахшии фаъолият ва саҳми рӯзноманигорон дар инъикоси ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва дар ин замина ташаккул додани ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон буд.

Мавриди зикр аст, ки соли гузашта низ чунин озмун дар ҳамкории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи воситаҳои ахбори омма- давлатию мустақил доир шуд ва лаҳзаҳои хотирмони мукофотсупорӣ ба ғолибон дар рӯзи таҷлили Иди матбуоти тоҷик дар сатҳи хеле баланд доир гардид.

Дар озмуни имсола рӯзномаҳои «Субҳи меҳнат»-и ноҳияи Мӯъминобод, «Насими Исфара»-и шаҳри Исфара, «Ҳақиқати Ховалинг»-и ноҳияи Ховалинг, «Садои Конибодом»-и шаҳри Конибодом, «Новый Хатлон»-и вилояти Хатлон, «Согдийская правда»-и вилояти Суғд ғолиб дониста шуда, бо дипломҳо ва мукофотҳои пулии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.

3 comments

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Шиносоии Сарвари давлат бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ВМКБ ва мулоқот бо фаъолон

Рӯзи 4-уми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи 31-уми июл дар шаҳри Хоруғ аз шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: