Ҷаласаи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон доир гардид

0
881 просмотров

Масъалаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, баланд бардоштани некуаҳволии мардум, бахусус дастрасии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба хизмати тиббӣ 9 декабр зимни баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати​ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Дар кори Шӯро муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони вазорату идора ва кумитаҳои ​ мамлакат доир ба амалишавии масъалаҳои мазкур изҳори андеша намуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 «Дар бораи Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023», «Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» ва «Тасдиқи нақшаи кори Шӯрои​ миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Як қисми меҳмонхонаи «Вероника» фурӯ рафт

Дар шаҳри сайёҳию истироҳатии Варнаи Булғористон, ки дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ воқеъ мебошад, 1 меҳмонхона қисман фурӯ рафт. Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарии маҳаллӣ бар асари ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: