Ифтитоҳи хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ дар шаҳри Бӯстон

0
12 просмотров

Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ медиҳад.

Аз ҷумла, бо мақсади амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръат ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ марҳилаи дуюми корхонаи «Баҳори Бӯстон» бо хати нави истеҳсоли саққоҳои пӯлодӣ ва зеристгоҳи барқии «Фаровон» бо иқтидори 1600 кВА расман ба истифода дода шуданд.

Хати нави истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳори Бӯстон», ки дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон воқеъ аст, пас аз навсозии куллӣ ба кор андохта шуд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкории зич бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд ёфтааст.

Хати нави истеҳсолӣ ба барориши маҳсулоти баландсифат-саққоҳои пӯлодии мавриди ниёзи соҳаи кӯҳкориву саноат нигаронида шуда, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар ин марҳила ба 8000 тонна саққо дар як сол расонида шуд. Коргоҳ беш аз 30 сокини маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намуд.

Ҳамзамон зеристгоҳи барқии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаровон» ба истифода дода шуд. Ин иншооти энергетикӣ низ дар кӯчаи Саноатчиён бунёд ёфта, ҳадафи он беҳтар намудани таъминоти барқ ва пешгирии талафоти неру мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи мазкур бо мақсади беҳтар намудани таъминоти барқ, расидан ба ҳадафи стратегии мамлакат — расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва пешгирии талафоти неруи барқ бунёд гардидааст. Он минбаъд корхонаҳои саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анқо» ва «Ирода инвест»-ро бо неруи барқи боэътимод таъмин хоҳад кард.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 23.09.2020

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3278 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: