Ба фикри Шумо ки сармураббии бошгоҳи «МЮ» мешавад? Шояд Унаи Эмери бошад !?

0
10 просмотров

Бархе аз намояндагони бонуфузи бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» мехоҳанд, ки мутахассиси испанӣ Унаи Эмери дар оянда роҳбарии дастаро ба уҳда гирад. Дар ин бора рӯзноманигори маъруф Фабритсио Романо хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти «Манчестер Юнайтед» дар шахсияти Эмери на танҳо сармураббии эҳтимолӣ, балки мутахассисеро мебинад, ки метавонад дар рушди дарозмуддати бошгоҳ нақши калидӣ дошта бошад.

Бо вуҷуди ин, интиқоли сармураббии испанӣ ба Манчестер дар ояндаи наздик аз эҳтимол дур аст. Бошгоҳи «Астон Вилла» ният надорад, ки бо мураббии 54-солаи худ ҷудо шавад ва ӯро яке аз чеҳраҳои асосии лоиҳаи варзишии худ медонад.

Президенти бошгоҳ оид ба амалиёти футбол Роберто Олабе ва директори амалиёти варзишӣ Дамиан Видагани низ ба нақши Эмери дар рушди даста баҳои баланд медиҳанд.

Тавре Фабритсио Романо қайд кардааст, нуфузи Эмери дар «Астон Вилла» танҳо бо фаъолияти мураббигӣ маҳдуд намешавад. Ӯ дар баррасии масъалаҳои трансферӣ ва қабули қарорҳои муҳими варзишии бошгоҳ низ иштирок мекунад. Шартномаи мутахассиси испанӣ бо бошгоҳи шаҳри Бирмингем то тобистони соли 2029 амал мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 1-уми ноябр аз рӯзи таъйин шудани Унаи Эмери ба вазифаи сармураббии «Астон Вилла» чор сол пур шуд.

Дар ҳамин ҳол, «Манчестер Юнайтед» давраи душворро паси сар мекунад. “Девҳои сурх” дар нӯҳ бозии пайиҳам натавонистааст ба пирӯзӣ ноил гардад. Эҳтимол, ҳамин вазъият роҳбарияти бошгоҳро водор кардааст, ки барои ояндаи даста номзадҳои эҳтимолиро баррасӣ намояд.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

США начали вводить санкции за кибератаки

В Вашингтоне признали виновными в распространение вируса WannaCry и кибератаке на Sony северокорейского программиста и компанию, где он работал. Министерство финансов США ввело санкции против ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: