ОГОҲӢ! ОГОҲӢ! ОГОҲӢ! Санаҳои 4 то 6 ноябр хавфи омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дар назар аст

0
15 просмотров

Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ карда мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз 4 то 6 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани сел пешгӯӣ мешавад.

Ҳамзамон дар дарёҳои Обихингоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар чунин шароити номусоиди обу ҳаво тадбирҳои эҳтиётӣ андешида, аз сафарҳои бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд. Ҳамчунин аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар наздикии соҳили дарёҳо ва мавзеъҳои хавфнок эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя намоянд

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: