Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандоне, ки нияти фаъолияти меҳнатиро дар Кореяи Ҷанубӣ (дар соҳаи истеҳсолот) доранд, мерасонад, ки аз 10-уми августи соли 2026 давраи бақайдгирии электронӣ барои иштирок дар имтиҳони «EPS topik» оғоз мегардад.
Бақайдгирии электронӣ дар бинои Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа пас аз пардохти боҷи имтиҳон дар ҳаҷми 330 сомонӣ амалӣ карда мешавад.
📋 Талабот ба дошиталабон:
* 🇹🇯 Шаҳрвандӣ: Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
* 👤 Синну сол: Аз 18 то 39-сола;
* 🗣️ Донистани забон: Донистани забони кореягӣ тибқи низоми EPS topik;
* ⚖️ Судмандӣ: Надоштани доғи судӣ;
* 🚫 Таърихи мигратсионӣ: Надоштани ихроҷшавӣ (депортатсия) аз Кореяи Ҷанубӣ;
* 🏥 Саломатӣ: Шахси солим, бидуни бемориҳои сироятӣ.
📑 Ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зарурӣ барои номнавис шудан:
* Рақами телефони алоқа;
* Шакли электронии шиносномаи хориҷӣ (загранпаспорт);
* Расми рангаи электронӣ (андозаи 3,5×4,5 см дар фони сафед).
⚠️ ДИҚҚАТ!
Ҳамаи маълумотҳо бояд бе хато ва айнан мувофиқи шиносномаи хориҷӣ бо ҳарфҳои лотинӣ ворид карда шаванд. Шахсоне, ки маълумотро нодуруст ворид менамоянд, ба имтиҳон роҳ дода намешаванд ва ё ба онҳо виза дода намешавад!
📞 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА БАҚАЙДГИРӢ:
🏢 Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе):
* Суроға: кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод»)
* Телефонҳо: 221-39-67, 221-39-83
* WhatsApp:
* +992 55 555 1080
* +992 98 790 6666
* +992 91 576 7743
* +992 93 093 4994
* 📍 Макон дар харита (Google Maps)
🏢 Намояндагиҳо дар минтақаҳо:
* Вилояти Суғд: +992-92-777-09-99 : +992-88-440-66-33
* Вилояти Хатлон: +992-905 800 063, +992 93 487 8828
* ВМКБ: +992-935-101-439
📌 Эзоҳ: Тамоми хизматрасониҳои машваратӣ ва ташкили мусоҳибаҳо дар Агентӣ комилан ройгон амалӣ карда мешаванд.
Бриллиант весом 100 карат ушел с молотка за 22 миллиона долларов
На торгах в Нью-Йорке был продан бриллиант весом 100 карат, сообщается насайте аукционного дома Sotheby’s. Драгоценный камень ушел с молотка за 22,1 миллиона долларов. Бриллиант ...


Нет комментариев