МУСОҲИБАИ РӮ БА РӮ ДАР БИНОИ МАРКАЗИИ АГЕНТӢ БО ШИРКАТИ КОРТАЪМИНКУНАНДАИ ДАВЛАТИ БАҲРАЙН

0
19 просмотров

ЭЪЛОНИ МУҲИМ: МУСОҲИБАИ РӮ БА РӮ ДАР БИНОИ МАРКАЗИИ АГЕНТӢ БО ШИРКАТИ КОРТАЪМИНКУНАНДАИ ДАВЛАТИ БАҲРАЙН

​Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад:
​Намояндагони ширкати бонуфузи холдингии «Sevens Holding W.L.L» ва меҳмонхонаи панҷситорадори «Royal Saray Resort»-и Давлатӣ Баҳрайн бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе меоянд. Мусоҳибаи бевосита ва рӯ ба рӯ бо корфармо дар бинои Марказии Агентӣ баргузор мегардад.

ВАҚТИ БАРГУЗОРИИ МУСОҲИБА:
​Сана: 07.07.2026 (7-уми июли соли 2026)
​Оғоз: соати 10:00 (бо вақти Тоҷикистон)

ВАКАНСИЯҲО ВА МАОШҲОИ ПЕШНИҲОДШУДА:
​Пешхизматҳо (Waiter / Waitress) — 10 нафар (Маош: 200 — 250 BHD / тақрибан $530 — $663);
​Хостес (Hostess) — 5 нафар (Маош: 250 — 300 BHD / тақрибан $663 — $795);
​Корманди тозакорӣ (Room Attendant) — 6 нафар (Маош: 180 — 220 BHD / тақрибан $477 — $583);
​Агенти қабули меҳмонон (Guest Relation Agent) — 4 нафар (Маош: 300 — 350 BHD / тақрибан $795 — $928);
​Bars (Bartender) — 2 нафар (Маош: 300 — 350 BHD / тақрибан $795 — $928).

ТАЛАБОТИ АСОСӢ БАРОИ ДОВТАЛАБОН:
​Донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират (мусоҳиба бо корфармо танҳо ба забони англисӣ сурат мегирад);
​Таҷрибаи корӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ва меҳмондорӣ (Hospitality) афзалият дорад;
​Намуди зоҳирии расмӣ ва одоби муоширати хуб.
​ШАРОИТҲОИ КОРИҲО (комилан аз ҳисоби корфармо):
​Ҷойи зисти роҳат, 🚌 нақлиёт ва 🏥 суғуртаи тиббӣ;
​Билети ҳавопаймо ва 📑 Танзими визаи корӣ (Employment Visa);
​Хӯроки ройгон дар вақти корӣ;
​Реҷаи кор: 8 соат дар як рӯз, 6 рӯзи корӣ дар ҳафта.

ТАРТИБИ ИШТИРОК ВА СУПОРИДАНИ ҲУҶҶАТҲО:
​Ирсоли CV: Хоҳиш карда мешавад, ки довталабон тарҷумаи ҳоли худро (CV) ба забони англисӣ тавассути паёмрасони WhatsApp ба рақамҳои Агентӣ бифиристанд.
​Распечаткаи CV: Номзадҳои интихобшуда бояд ҳангоми омадан ба мусоҳибаи рӯ ба рӯ нусхаи чопшудаи (распечатка) резюмеи худро ба забони англисӣ ҳатман бо худ дошта бошанд.

ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА БАҚАЙДГИРӢ:
​Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе):
​Суроға: кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод»)
​Тел: 221-39-67, 221-39-83
​Рақамҳо (WhatsApp): +992 55 555 1080 | +992 987 906 666 | +992 91 576 7743 | +992 930 934 994
​Макон дар харита: https://maps.app.goo.gl/x5c5rSkop6LJUPD19
​Намояндагиҳо дар минтақаҳо:
​Вилояти Суғд: +992 92 777 0909: +992 92 822 6633
​Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +93 487 8828
​ВМКБ: +992 935 101 439
​МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»

Эзоҳ: Тамоми хизматрасониҳои машваратӣ дар Агентӣ ройгон мебошанд. Ин имконияти беназири кориро дар яке аз холдингҳои бузурги Баҳрайн аз даст надиҳед!

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Молодежка» Таджикистана обыграла Китай

Молодежная сборная Таджикистана (U-19) одержала первую победу на чемпионате Азии-2016, который в эти дни проходит в Бахрейне. Накануне, 18 октября, в рамках второго тура группового ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: